ҚУБОДИЁН: ШИНОСОӢ БО НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ВА ҶАРАЁНИ КИШТИ ПАХТА

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Қубодиён сафари корӣ анҷом доданд.

Раиси вилоят аснои боздид бо кишоварзону пирони рӯзгордида суҳбати озод анҷом дода, оид ба самаронку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар майдони заминҳои дарихтиёрдошта ба масъулон дастуру тавсияҳои судманд доданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар маъракаи кишти пунбадона ширкат варзида, ба масъулон ва хоҷагидорон таъкид намуданд, ки ҳангоми кишту парвариш аз тухмиҳои хушсифат ва дорои сертификати мутобиқкунанда истифода намоянд.

Гуфта шуд, ки имсол хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Қубодиён дар майдони заминҳо аз навъҳои тухмии пумбадонаи Мая, Флеш, Эддиса ва Липа истифода карда, дар истеҳсоли ин ашёи хоми ватанӣ бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкории зич менамоянд.

Ҷиҳати дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ аз қитъаҳои замини наздиҳавлигии чанд тан аз сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Қубодиён боздид намуданд.

Маълум гардид, ки дар ноҳияи Қубодиён сокинон қитъаҳои замини наздиҳавлигиро дар баробари майдони заминҳои хоҷагии деҳқонӣ оқилона истифода карда, дар он картошка, сирпиёз ва дигар сабзавоти тарутозаро кишту парвариш менамоянд, ки ин омил баҳри пешбурди рӯзгодорӣ ҳисаи арзишманд мегузорад.

Раиси вилоят дар ҷараёни боздид аз майдони заминҳои киштшаванда, ба шинонидан ва парвариши дарахтони мевадиҳанда таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин самт таъкид намуданд, ки дар атрофи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва назди биноҳои истиқоматӣ ба шинонидану парвариши чунин дарахтон таваҷҷуҳи бештар дода шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles