Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Қубодиён бо нашъунамои помидор дар гармхона шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соҳибкори маҳаллӣ дар майдони зиёда аз 1,5 гектар бо усули муосир помидор кишт намуда, айни ҳол нашъунамои он дар ҳолати хуб қарор дорад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб заминро муҳим шумориданд. Таъкид гардид, ки сокинон бо зиëд намудани гармхонаҳо метавонанд даромади хуби иқтисодӣ гирифта, зиндагии шоиста дошта бошанд.
Фароҳам гардидани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ вобаста аст ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори мавҷудаи соҳа ҳатмӣ мебошад.
Раиси вилоят фаъолияти кормандони гармхонаро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобида, ба таҷрибаи ин деҳқони асил ҷиҳати ташкили гармхона ва парвариши помидор баҳои баланд дода, фаъолияти ӯро барои дигар сокинони вилоят намунаи ибрат ва қобили таҳсин хонаданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон