ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ РАҶАБ”

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз самаранок истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии “Бобои Раҷаб”–и ҷамоати деҳоти Кайқубод боздид намуда, ба кишти пахта ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҳамасола сокинони ноҳияи Қубодиён аз боду ҳавои муносиб истифода бурда, баҳри таъмини бозори истеъмолӣ ва муҳаё намудани шароити зиндагии хеш, ҳар як ваҷаб замини корами обиро мақсаднок истифода мебаранд.

Хоҷагии деҳқонии “Бобои Рачаб”-ро Хуҷақулов Қувват роҳбарӣ намуда, масоҳати умумии он 7 гектар заминро ташкил медиҳад. Аз ин шумора майдони умумии замин дар масоҳати 2 гектар боғи мевадиҳанда, 3 гектар пахта, 1 гектар ғалладонагӣ, 0,60 гектар картошка, 0,20 гектар сабзӣ ва дар майдони 0,20 гектар дигар намуди сабзавотҳо корида шудаанд.

Ба иттилои роҳбари хоҷагии мазкур онҳо ният доранд, ки бо омадани боду ҳавои муносиб аз ҳар гектар пахта то 50 сентнер, аз ғалладонагӣ 60 сентнер, аз картошка 250 то 300 сентнер ва аз сабзӣ то 300 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Дар хоҷагӣ мазкур 8 нафар саҳмдорон кору фаъолият менамоянд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз пешрафти бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва талошҳои рӯзафзуни аҳли заҳмат изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамари меҳнаткашон вилоят ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзии мамлакат табдил ёфта, саҳми хоҷагидорони он дар рушди иқтисоди миллӣ ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт сол аз сол бештар мегардад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles