Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз самаранок истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии “Раҳматулло”–и ҷамоати деҳоти Кайқубод боздид намуданд.
Хоҷагии мазкурро Мусурмонов Усмон роҳбарӣ намуда, соли 2005 таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии хоҷагӣ 12,28 гектарро ташкил менамояд. Дар хоҷагӣ дар майдони 7 гектар пахта, 1,70 гектар ғалладона, картошка 0,40 гектар, сабзавот 0,80 гектар, боғот 0,58 гектар ва дигар намуди зироатҳо 1,13 гектар корида шудааст.
Соли сипаригардида хоҷагидорон аз ин миқдор замин ҳосили хуб ба даст овардаанд, ки ҳам бозори истеъмолиро ва ҳам захираи хуроки оилаашонро таъмин намудаанд. Дар хоҷагӣ 21 нафар саҳмдорон кору фаъолият намуда, дар баробари заҳматҳои хеш ҳамасола ҳосили хуб ба даст меоранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бобати зиёд намудани маҳсулот ва содирот кардани он ба кишоварзон ва масъулони хоҷагӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар навбати худ хоҷагидор аз дастгириҳои фаровони давлату Ҳукумат нисбат ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат, кушиш мекунанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон