Имрӯз, 24 март, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Хурамдиёри ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Дар муассисаи таълимии мазкур мушкилоти норасоии ҷойи нишаст аз байн рафта, барои омӯзгорону хонандагон шароити мусоиди кору таҳсил фароҳам гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии хонандагон 650 нафарро ташкил дода, бинои иловагӣ аз тарафи Бунёди миллии CASA-1000 бо маблағи умумии 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Бинои иловагӣ дуошёна буда, дорои 8 синфхона барои 350 нафар хонанда дар ду баст сохта шудааст.
Синфхона ва роҳравҳои бинои нав бо шиору навиштаҷотҳои таълимию тарбиявӣ оро дода шуда, намои бино зебо ва ба таври замонавӣ рангубор карда шудааст. Синфхонаҳо ба мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин карда шуда, барои таҳсил пурра омода мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани ҳамкории падару модар бо муассисаи таълимӣ ва бештар намудани натиҷаҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, китобхонӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ суҳбат оростанд.
Омӯзгорон зимни суҳбат сипосгузории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таваҷҷӯҳи хоса ба мактабу маориф доштанашон баён намуданд.
Инчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар саҳни бино бо гурӯҳе аз ҷавонон суҳбати озод намуда, бо онҳо вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҳарбӣ, корҳои созандагӣ ва машғул шудан ба варзиш суҳбат оростанд. Инчунин, аз мушкилоти онҳо огоҳ гардида, барои рафъи онҳо ба масъулон дастуру супоришҳо доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё кардани шароити мусоиди таълимро дар мадди аввал гузоштааст. Ин аст, ки ҳамасола биноҳои наву замонавӣ бо шароити мусоиди таълим фароҳам мегарданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон