НАВРӮЗ, БИЁ, ВАТАН БАРАФРӮЗ!
Дар шаҳри Бохтар тантанаҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон нахуст аз Наврӯзгоҳ, ки дар он анъанаву суннатҳои наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудааст, дидан карданд.