Имрӯз, 14 март, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо як гурӯҳ сармоягузорон ва олимони соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтушунид намуданд.
Дар ҳайати меҳмонон хонум доктор Шаарӣ, доктор Абдолиҳон, доктор Ҳоҷиванд, доктор Рофией, доктор Исмоилӣ, доектор Заре, доктор Наҷафиён ва ҷаноби Муҳаммад Исмоилӣ буданд.
Раиси вилоят ҳайати меҳмононро ба вилоят хайрамақдам гуфта, ба муштаракоти фарҳангиву динӣ ва таърихии мардуми Тоҷикистону Эрон таъкид намуданд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамфарҳангу ҳамзабон, ки решаҳои ногустании таърихӣ доранд, муносиботи тарафайнро дар чорчӯби сиёсати пешгирифта ва назари неки сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён батадриҷ тавсеа дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор пайваста чораҷӯӣ менамоянд», – афзуд раиси вилоят.
Дар мулоқот масоили воридоти техникаи соҳаи кишоварзӣ, таъмини тухмии босифат барои зироаткорӣ ва сабзавотпарварӣ, таъмини ниҳолҳои хушсифат, технологияи моҳипарварӣ, омӯзиши таҷриба барои кишоварзони вилояти Хатлон, воридоти таҷҳизоти кишоварзии интенсивӣ барои гармхонаҳо ва ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули назар карданд.
Ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон