Имрӯз, 14 март, зимни мулоқот бо хоҷагидорон ва масъулини ноҳияи Дӯстӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид истифодаи самараноки обу замин ва риояи талаботи агротехникиро барои афзун намудани ҳосилнокии зироати техникӣ таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки аҳли заҳмати ноҳияи Дӯстӣ дар самти парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пешсаф буда, бо баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва татбиқи чорабиниҳои муҳими кишоварзӣ ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид инчунин дар маъракаи оғози кишти пахта бо усули муосир дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷамолиддин» ва «Уралбобо» иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин хоҷагиҳо дар алоҳидагӣ 13 гектар замини корам дошта, дар 7 гектари он бо усули муосир кишти пунбадона анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи кишоварзони соҳибтаҷриба, ин усул ба коҳиши хароҷот ва афзоиши ҳосил мусоидат менамояд. Масалан, ҳангоми истифодаи технологияи зери плёнка ҳосилнокӣ то 58 сентнер аз ҳар гектар мерасад, ки нисбат ба усули анъанавӣ бештар мебошад.
Бо назардошти дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ба масъулини мақомот ва идораҳои дахлдор барои рушди соҳаи кишоварзӣ доданд, имсол дар вилояти Хатлон 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт мегардад, ки аз ин 41 ҳазор гектараш бо усули муосир анҷом дода мешавад.
Зимни суҳбат бо масъулини ноҳияи Дӯстӣ, раиси вилоят таъкид намуданд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Раиси вилоят ҳамзамон иброз доштанд, ки масъулин бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, аҳамияти таъмини саривақтии кишоварзон бо тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ ва техникаи зарурӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Раиси вилоят иброз доштанд, ки идораҳои дахлдор дар ин самт ҳамкории наздикро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои кишоварзӣ тақвият бахшанд.
Деҳқонон аз таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ба рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз таҷриба ва усулҳои пешрафтаи кишоварзӣ, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд кӯшиш хоҳанд кард.
Қайд гардид, ки бо роҳандозии технологияҳои муосир ва андешидани тадбирҳои зарурӣ, имконияти боз ҳам беҳтар намудани ҳосилнокии пахта ва рушди бахши кишоварзӣ дар вилоят мавҷуд мебошад.
Инчунин, раиси вилоят аз нашъунамои картошка ва карам боздид намуда, ба кори деҳқонон баҳои баланд доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон