МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ҲУСЕЙН ОЗХАН, ДИРЕКТОРИ БАТР

Имрӯз, 12 март, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Ҳусейн Озхан, директори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба давратҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дидору мулоқот анҷом доданд.

Дар ҳайати меҳмонон Холгер Вифел, роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Григорий Савва, сардори минтақавии Раёсати инфрасохтори Авруосиё, гуруҳи инфрасохтори устувори БАТР, Ана Кресич, иқтисодчӣ, Баҳодур Юсупов, банкири пешбар, Карим Рауфӣ, таҳлилгар буданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) вилояти Хатлонро дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ дастгирӣ мекунад. Чанд лоиҳае, ки дар якҷоягӣ татбиқ мегардад, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят нигаронида шудааст.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масоили иқтисодиву сармоягузорӣ дар самтҳои обрасонӣ, энергетика, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Директори иҷроияи БАТР дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Ҳусейн Озхан зикр намуд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд тавонист дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаи қарздиҳии хурд, сармоягузории мустақим, мусоидат ба таҷдид ва рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, обтаъминкунӣ, инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии занон ва ҷавонон иштироки фаъолона намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон саҳми босазо гузошта истодааст.

Амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсади татбиқи он ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ иборат мебошад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки БАТР дар доираи лоиҳаҳои худ дар самти беҳтар намудани низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара ва Ёвон кӯмак карда истодааст.

Изҳори итминон карда шуд, ки чунин мулоқотҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд такони хуб мебахшанд.

Инчунин, дар ҷараёни мулоқот дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таҷдиди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуда, дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар амалигардонии стратегияи саноатикунонии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2023 БАТР 30-солагии ҳамкории худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд. То имрӯз БАТР бо дастгирии 157 лоиҳа ба маблағи беш аз 900 миллион евро дар мамлакат сармоягузорӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар тӯли 30 соли робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ рушд ёфта, имрӯз дар сатҳи баланди шарикӣ қарор доранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles