Ба муносибати Рӯзи модар дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии идона муовинони раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода, Анзурат Абдусаломзода, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва занону модарони фаъоли вилоят иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо суханронии Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, оғоз гардид. Ӯ бо самимият тамоми иштирокчиён, махсусан модарону бонувони шарафманди вилояти Хатлонро аз номи раиси вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи модар табрик намуда, нақши беназири занро дар ҷомеа таъкид кард.
-Зан сарчашмаи зиндагӣ, меҳрубонӣ ва садоқат аст. Бо нерӯи бепоёни худ ӯ чароғи хонадони ҳар як инсон ва тарбиятгари наслҳои солим мебошад. Арҷгузорӣ ба модар ва қадршиносии заҳматҳои ӯ нишонаи маърифати баланд ва фарҳанги волои ҷомеаи мост, -изҳор дошт Музаффар Мирзозода.
Дар идомаи ҳамоиш, бо қадрдонии талошҳои пайвастаи модарон дар рушду пешрафти кишвар, ба як қатор бонувони фаъол сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим гардид. Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокдорон гардид.