ДАВЛАТАЛӢ САИД РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ИНТИХОБ ШУД

Имрӯз, 25 феврал дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори конференсия раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мансаби раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон интихоб шуд.

Ҳамчунин, Исроил Шарипов муовини якум ва Дилшод Мадализода муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон интихоб шуданд.

Илова бар ин, дар Конференсия ҳайати нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Хатлон интихоб шуд. Ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷуз аз Раис ва ду муовини ӯ инчунин Шариф Назар, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Ҳабибулло Изатуллозода, сардори молияи вилоят, Насриддинзода Рамазон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Қурбон Юсуф, раиси ноҳияи Вахш, Муминзод Абдумаҷид, раиси шаҳри Бохтар, Назарзода Бахтиёр, раиси шаҳри Кӯлоб, Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ, Рустам Холиқзода, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Саломзода Сиҷоуддин, раиси ноҳияи Данғара, Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон, Хайрулло Асадулло, соҳибкор шомил гардиданд.

Дар Конференсия ҳамчунин гузориш дар бораи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи вилояти Хатлон дар солҳои 2021-2024 шунида шуд.

Related Articles