РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АФСАРОНУ АСКАРОНРО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ТАБРИК НАМУДАНД

Имрӯз, 22 феврал, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба қисми ҳарбии 07017-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён рафта, афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ шодбош гуфтанд.

Раиси вилоят бо шароити будубоши сарбозон дар қисми низомӣ шинос шуда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар майдони 4 гектар ташкил шуда буд, ҳусни оғоз бахшиданд.

Раиси вилоят бо сарбозон суҳбати самимиву ошкоро намуда, зимни суҳбат таъкид гардид, ки шароити қисми низомӣ барои сарбозон хуб ба роҳ монда шуда, ҳамасола садҳо ҷавон дар ин даргоҳ адои хизмати Ватан-Модар намуда, ба назди оилаи хеш бо сари баланд бармегарданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамзамон зимни вохуриҳо таъкид намуданд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ба хизмати содиқона сафарбар созанд.

– Мо итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд, – афзуд раиси вилоят зимни суханронии хеш.

Инчунин, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба фарзандони бонангу номус, ки имрӯз сарбаландона хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда истодаанд, минатдорӣ баён намуда, бо гузоштани дастхат як миқдор китоб ба сарбозони шуҷои Ватан тақдим намуданд.

Ҳамзамон, барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилоят бо пешниҳоди барномаи ҷолиби мусиқӣ ва рақсу таронаҳои ватанпарварона хотири сарбозонро шоду болида гардониданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles