Имрӯз, 21 феврал, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба дидорбинии сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0336-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рафта, онҳоро бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Муссалаҳи кишвар табрику таҳният намуданд.
Зимни суҳбати озод раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ба хизмати содиқона сафарбар созанд.
– Боис ба зикри хос аст, ки дар шароити мураккаби таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифзи марзу буми мамлакат масъулияти асосии хизматчиёни ҳарбӣ буда, дар чунин шароит бояд зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд, – афзуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Дар ин ҷо китоб бо дастхат аз ҷониби раиси вилоят ба сарбозони шуҷои Ватан тақдим гардид. Ғайр аз ин як миқдор китобҳои бадеӣ ба сарбозон туҳфа шуд.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар сари як дасторхон бо сарбозон нишаста, суҳбати самимӣ анҷом доданд ва аз ҳолу аҳвол ва шарту шароити хизмат пурсон гардиданд.
Инчунин, барои болидахотирии афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорон ташкил карда шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон