Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноку калидӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва таъмини рушди бомароми фаъолияти соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар самти татбиқи талаботҳои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025” шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ ба 177 адад расида, фарогирии кӯдакон дар ин зина 21319 нафарро ташкил менамояд.
Шумораи Марказҳои инкишофи кӯдак 1286 ададро ташкил дода, дар онҳо 84144 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, шумораи умумии кӯдакон 105463 нафар ё 24,7%-и фарогириро ташкил медиҳад.
Дар соли таҳсили 2023-2024 рушди соҳаи маорифи вилоят таъмин гардида, 2695 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 987 медал (аз ҷумла 68 медали тилло, 217 медали нуқра ва 702 медали биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 61 медал зиёд мебошад.
Шумораи довталабони вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” нисбат ба соли 2023 зиёд гардида, ба 63 ҳазор нафар расид ва 35 нафар (29%-и иштирокчиён) соҳиби 2 ШОҲҶОИЗА, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм гардиданд.
Довталабони вилоят соли 2024 аз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соҳиби 16 ҷой, аз ҷумла 9 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон нишондодҳои иштирокчиёни даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” миёни наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ба 16 ҷой, аз ҷумла 1 ҷойи якум, 8 ҷойи ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм баробар гардид.
Вобаста ба дастгирии ташаббуси баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолибони даври вилоятии озмунҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 1 миллиону 572 ҳазору 875 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Илова ба ин, ҳамасола дастрасии хонандагон ва олимони эҷодкор бо стипендияҳои Раиси вилоят таъмин шуда, соли 2024 ба 70 нафар хонандагони аълохони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба 60 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ба 60 нафар олимони эҷодкор, дар маҷмуъ ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ стпендияҳо пардохт карда шуд.
Ҳамзамон, ба 26 нафар хатмкунандагони МТМУ-и вилоят, ки муассисаро бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ хатм намуданд, дар маҷмуъ ба маблағи 431 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Соли 2024 ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи маориф тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 адад иншоотҳои соҳаи маориф дорои 1123 адад синфхона барои 28150 ҷои нишаст дар як баст (дар ду баст барои 56300 ҷои нишаст) сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони зиёда аз 34 адад иншоотҳои соҳа иборат аз 185 адад синфхона бо фарогирии 4625 ҷойи нишаст дар 1 баст идома дорад.
Дар асоси талаботи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027” дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмуъ сохтмони 173 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра 94 иншоот дорои 964 синфхона бо 24100 ҷойи нишаст ба истифода дода шудаааст, ки баробар ба 53,4%-и иҷроиши Барнома буда, вобаста ба татбиқи барномаи мазкур дар 38 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Тибқи нақшаи амалишавии “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” дар соли 2024 791 адад кабинетҳои фаннӣ ба нақша гирифта шуда, талаботи нақшаи Барнома 892 адад ё ин, ки 112,7% таъмин гардидааст.
Дар соли таҳсили 2023-2024 аз 36219 нафар (16682 нафар духтар) хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят 30896 нафар (11890 нафар духтар) ба воситаи Маркази миллии тестӣ, квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои хориҷи кишвар, донишгоҳҳои қудратӣ, гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷу литсейҳои касбӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дохил шудаанд, ки 85 фоизро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба як соли таҳсили қаблӣ 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.