ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ БОХТАР ВА ЛЕВАКАНТ

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар ва Левакант 6 адад техникаи нави партовпартоӣ туҳфа карда шуд.

Имрӯз, 15 январ, дар расми қабули тӯҳфаҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки масъулон бо истифода аз имкониятҳои мусоид дар тозаву озода намудани шаҳр саҳми арзандаи худро гузоранд ва дар корҳои ободониву созандгӣ аз техникаҳои муосир истифода намоянд.

Техникаҳои нав ба ҳама талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар беҳтарнамоии корҳои созандагӣ ва тозаву озода намудани шаҳр мусоидат хоҳанд намуд.

Маҳз бо ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Хатлон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар ин замина дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ободкориҳо рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо намуда истодаанд.

То ба имрӯз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кӯмаки ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳои кӯмаки техникӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ваҳдату ягонагӣ ва пешрафти соҳаҳо, пеш аз ҳама таъмини равуо ва равобити дохилиҷумҳуриву хориҷӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сар карда, пайгирона аҳли кишварро ба ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт даъват мекунанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles