Имрӯз, 13 январ, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазирону роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раис, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамъатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки дар соли 2024 фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуда, чун тамоми мардуми ҷумҳурии азизамон баҳри дар амал татбиқ сохтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш ба харҷ доданд.
– Маврид зикр аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, тақвиятбахшии фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон мусоидат намуда, дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 мусбат ҷамъбаст карда шуд, – афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Раиси вилоят афзуд, ки боварии комил дорем, ки мо фаъолон ва аҳли заҳмати вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон иброз намуданд, инчунин амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини сифатноки барномаҳои маҳаллию соҳавӣ, вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда, баҳри таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем.
Сипас, гузориши муовини раиси вилоят Мирзозода Музаффар оид ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли сипаришуда шунида шуд.
Дар идома муовини раиси вилоят оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардида, дар умум зиёда аз 3,5 ҳазор биною иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Танҳо дар соли 2024 дар вилоят зиёда аз 1240 иншооти таъйиноти гуногун бо таъсиси садҳо ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки бояд тамоми саъю талош баҳри рушди бомароми маҷмуи соҳаҳои иқтисодиёт, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ сафарбар сохта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, зиндагии осоишта ва босаодати сокинони вилоят равона карда шавад.
Дар ҷаласа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб пурсишҳо сурат гирифта, ҳаллу фасли саривақтии онҳо тақозо гардид.
Дар вилояти Хатлон соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тақвиятёбии истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, технологияҳои муосири кишту парвариши зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифату баландҳосили репродуксионӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ватанӣ ва дар маҷмуъ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшида, афзоиш ва суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ таъмин гардида истодааст.
Зикр гардид, ки роҳбарон, фаъолон ва меҳнаткашони вилоят дастуру супориш, ҳидоятҳо ва вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баённамударо ҳамарӯза пешаи корӣ қарор дода, масъулият ва фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо боз ҳам афзун менамоянд.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созанддагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар интиҳо дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ, ободу зебо гардонидани маҳал ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ “Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дар вилояти Хатлон ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Сипоснома ва мукофоти пулӣ қадршиносӣ шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон