ХАТЛОН. БЕҲТАРИН ШАҲРУ НОҲИЯВУ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАВУ ХОНАВУ ДЕҲОТ ДАР СОЛИ 2024

Имрӯз, 13 январ, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 баргузор гардид.

Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 феврали соли 2023, №46 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ “Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дар вилояти Хатлон ба тасвиб расида, тибқи Низомномаи озмун ва дар муҳлатҳои муқарраргардида озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд.

Ҳадафи озмуни вилоятӣ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва самаранок истифодабарии замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ равона гардидааст.

Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмунҳо 2,6 миллион нафар фаро гирифта шуда, 1577 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 133 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи якуми озмун барои муайян намудани «Беҳтарин шаҳру ноҳия» иштирок намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷараён ва натиҷаи ҷамъбасти озмунҳо тавассути воситаҳои ахбори оммаи вилоят мунтазам барномаҳо ва хабарҳо таҳия ва чоп гардида, пешкаши тамошобинони оинаи нилгун, шунавандагони радио ва хонандагони рӯзномаҳои маҳаллӣ гардонида шуд.

Дар қисмати охири маҷлис маросими ҳавасмандгардонии ғолибони “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024” бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир гардид.

Кумитаи тадорукоти “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024” ғолибонро ба тариқи зайл эълон намуданд:

НОМИНАИ “ШАҲРИ БЕҲТАРИН”
1. Шаҳри Кӯлоб, ҷойи якум, мукофотпулӣ 10000 сомонӣ;
2. Шаҳри Норак ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
3. Шаҳри Бохтар, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ.

НОМИНАИ “НОҲИЯИ БЕҲТАРИН”
1. Ноҳияи Данғара, ҷойи якум, мукофотпулӣ 10000 сомонӣ;
2. Ноҳияи Ёвон, ҷайи дуюм, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
3. Ноҳияи Кӯшониён, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ.

НОМИНАИ “ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН”
1. Ҷамоати шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Ҷамоати шаҳраки Сарбанди шаҳри Левакант, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.

НОМИНАИ “ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БЕҲТАРИН”
1. Ҷамоати деҳоти Ховамуъмини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.

НОМИНАИ “МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН”
1. Маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Маҳаллаи Озодии ҷамоати шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Маҳаллаи Ҷангалпарвари ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.

НОМИНАИ “ДЕҲАИ БЕҲТАРИН”
1. Деҳаи Балҷувони ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Деҳаи Девдори ҷамоати деҳоти Терайи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти Бобошоҳиёни ноҳияи Восеъ, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.

НОМИНАИ “ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ”
1. Хонаи Заиралиев Хушвахттош, сокини ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Хонаи Собиров Файзулло, сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Хонаи Ёрзода Бароталӣ, сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.

Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар вазъияти тантанавӣ муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибонашон супориданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles