Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 декабр, дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар деҳаи дар деҳаи Регистони ҷамоати деҳоти ба номи Намунаи ноҳияи Панҷ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 дар доираи амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2021 аз тарафи Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон, бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, бо маблағи 2 миллиону 689 ҳазор сомонӣ барои 300 нафар хонанда дар ду баст бунёд гардидааст.
Масоҳати умумии бино аз 1,95 гектар замин иборат буда, аз он 338 метри мураббаъро зери сохтмон ташкил медиҳад. Бино аз ду ошёна, 6 синфхонаи фаннӣ иборат мебошад.
Муассисаи мазкур дар умум аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, китобхона, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон иборат мебошад.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 8 то 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши аз 3000 то 4000 сомонӣ таъмин гардиданд.
Дар баробари анҷоми корҳои сохтмонӣ масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии бино низ ба анҷом расонида шудааст.
Дар иншоот корҳои сабзкорӣ дар атрофи муассиса гузаронида шуда, дар масоҳати 120 метри мураббаъ газони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шудааст.
Барои гардиши хонандагон дар атрофи муассиса роҳравҳо дар бо масоҳати 150 м2 сафолакпӯш карда шудааст. Гармидиҳии муассиса тариқи буғӣ бо истифодаи ангишт дар дегхона ба роҳ монда шуда, дар фасли сармо даҳлез ва дохили тамоми бино ба гармӣ таъмин карда мешавад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят бо ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимӣ суҳбат намуда, дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои беҳтар ва хубтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассиса таъкид намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон