Рӯзи 13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматиро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст.
Дар рафти сохтмони бинои истиқоматии мазкур 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бо бунёд гардидани ин истиқоматгоҳи баландошёна як гӯшаи шаҳраки Дӯстӣ ободу зеботар гашта, сокинон бо манзили зист ва шароити хуби зиндагӣ таъмин шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисону коргарон баҳои баланд доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон