ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Рӯзи 13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар ноҳияи Ҷайҳун бинои маъмурии Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта шудааст.

Сохтмони бинои шуъбаи маориф соли 2022 оғоз ёфта, айни замон аллакай корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои сохтмони бинои шуъбаи маориф дар майдони 0,18 гектар замин ҷудо гардида, бино аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд бо маблағи 353946 доллари амрикоӣ бунёд гардидааст.

Иншоот аз 3 ошёна, бо 13 адад утоқи корӣ, 1 маҷлисгоҳ барои 80 нафар, 3 ҳуҷраи хоб барои меҳмонон, 1 адад китобхона, ҳаммом, амборхона барои нигоҳдории таҷҳизоту ҳуҷҷатҳо иборат буда, пудратчии сохтмон ҶДММ “Субҳи босафо” мебошад.

Ҳудуди бинои мазкур бо панҷарабандӣ карда шуда, дар назди бино чароғкҳои равшандиҳанда насб карда шудааст.

Раиси вилоят ба сифати корҳои анҷомёфта дар бино баҳо баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.

Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷайҳун барои кормандон шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles