ХАТЛОН: МУЛОҚОТИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО МАРДУМ

26-27 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб ва Фархори вилояти Хатлон бо мардум мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки сару либоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як сокини кишвар, бахусус занони тоҷик аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат саҳмгузор бошанд.

Таъкид гардид, ки шароити мураккаби авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ моро месазад, ки барои ҳимояи марзу буми меҳан, пешгирии амалҳои ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии насли имрӯзу фардои ҷомеа аз мактаби шуҷоату ҷавонмардии Роҳбари давлат таҷрибаи ватандӯстию хештаншиносӣ омӯхта, фарзандонро дар рӯҳияи баланди инсондӯстию меҳандӯстӣ тарбия намоем.

Инчунин, Сарвазири мамлакат зимни суҳбат бо мардум махсус таъкид намуданд, ки дар шароити ҳассосу пешгуинашаванда, вусъат пайдо кардани терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии аҳли зиё дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles