27 ноябр, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров дар деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардии ноҳияи Фархор бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди маҳаллиро пас аз мумфаршкунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дарозии роҳи мазкур 7,1 буда, паҳноии роҳ 6 метрро ташкил медиҳад ва бо саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯсти деҳа бо маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Роҳи мазкур солҳои зиёд таъмир нашуда буд ва ҳангоми рафтуомад дар ҳама фаслҳои сол сокинон ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Бо анҷоми ин тадбир, яъне пурра мумфарш шудани роҳ дар ҳама фаслҳои сол рафтуомади мунтазами сокинон, воситаҳои нақлиëт ва интиқоли мусофиру мол комилан осон шуд.
Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон таҷдиду мумфаршкунии 144,4 километр роҳҳои автомобилӣ, аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон 137 километр ба анҷом расонида шуда, корҳои навсозӣ дар ин самт идома дорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон