ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.

Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба як макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба ин макон ташриф меоранд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles