Ш. ШОҲИН: ПАРДАБАРДОРӢ АЗ МУҶАССАМАИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз рӯи муҷассамаи шоир ва мутафаккири тоҷик Шамсиддин Шоҳин пардабардорӣ намуданд.

Иншооти мазкур дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта шудааст.

Сохтмони муҷассама соли 2023 оғоз ёфта, айни замон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Гирду атрофи муҷассама пурра гулзор карда шуда, шабонгоҳ чароғҳои равшандиҳанда ҳусни ин макони тафреҳиро дигар мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки маблағи сохтмон тибқи лоиҳа 1150000 (як миллиону дусад ҳазор) сомониро дарбар гирифта, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маблағгузорӣ карда шуда, аз тарафи ҶДММ “Сангимо” сохта ба истифода дода шудааст. Дар сохтмони бино зиёда аз 10 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шуда, бо ба истифода додани он 5 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Масоҳати сохтмони муҷассама дар умум 74,7 метри квадратиро дар бар гирифта, 14 адад чароғакҳои равшаннамоӣ, 2 адад фаввора дар масоҳати 36,48 метри квадратӣ, инчунин дар масоҳати 50,7 метри квадратӣ корҳои кабудизоркунӣ ба анҷом расидааст. Баландии муҷассама бошад, 6,2 метрро ташкил медиҳад.

Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ ва суҳбат бо сокинон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд.

Қоҳир Расулзода сокинонро бо ифтитоҳи муҷассама ва вусъати корҳои ободонӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва идомаи корҳои созандагӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки барои гиромидошти хотири адиб, шоир, маорифпарвари бузурги халқи тоҷик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи собиқ Шуроободи вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин номгузорӣ карда шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles