ТЕМУРМАЛИК. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР САДДИ ДАРЁИ СУРХОБ

26 ноябр, сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома кард.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар кӯчаҳои Ҳоҷӣ Ҳусайн ва С.Амиршов ва таъмири ҷории дарёчаи Шураксойи ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Темурмалик мавзеъҳои хатарнок 27 километрро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аввалиндараҷа 6080 метро ташкил медиҳад, ки аз ин: дар деҳаи Шибанай 2500 метр, шаҳраки Баҳманрӯд 2300 метр, мавзеъи Ҳамровиё 1200 метр, деҳаи Танобчии поён 1800 метр, ҷамоати деҳоти Кангурт 530 метр ва деҳаи Танобчии боло 800 метр мебошанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дар кӯчаҳои Ҳ.Ҳусейн ва С.Амиршови ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд аз ҳисоби Агенти беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масофаи 400 метр ба маблағи 570 ҳазор сомонӣ роҳандозӣ гардидааст. То имрӯз барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва кашонидани 1280 адад тахтасангҳо аз ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ кашонида шуда, қисми зиёди онҳо васл карда шудааст.

Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода баҳри боз ҳам ҷоннок кардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодаи самараноки масолеҳ, ташкили навбатдории шабонарӯзӣ, дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles