Имрӯз, 20 ноябр, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Наҳтуллозода Давлатмурод бо намояндагони ширкати «Баҳор гуллари»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидору мулоқот анҷом доданд.
Ширкати “Баҳор Гулларӣ” дар Тошканд боғи ниҳол ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ дошта, ба кабудизоркунӣ машғул аст. Ширкат дарахтон ва растаниҳои ороиширо аз кишварҳои Ҳолланд, Италия, Белгия, Олмон ворид карда, ба муҳит мутобиқ менамояд ва пас аз парвариш ба дигар кишварҳо низ содирот мекунад.
Дар мулоқот оид ба нигоҳ доштан ва парвариши растаниҳо, дарахтони ороишӣ, табодули таҷриба ва содирот мубодилаи афкор сурат гирифт.
Роҳбарияти Палата бо олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии хориҷи мамлакат ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар самти воридоту парвариши дарахтони нодир ва мутобиқ гардондани ниҳолҳо ба иқлими ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон