МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ДЭВИД ЧЖОУ

Имрӯз, 19 ноябр, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони ширкати “Shanghai SUS Environment”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот Дэвид Чжоу, намояндаи аввали ширкат дар Осиёи Миёна, Ченьцяо Чжоу, менеҷер, сармоягузор ва ҳайати ҳамроҳонашон иштирок намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ба нақш ва густариши робитаҳои ду давлати дӯст мубодилаи афкор намуда, изҳори розигӣ ва қанотмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон баён доштанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мегардад, барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии вилоятро изҳор дошта, ташрифи меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфтанд.

Дар мулоқот мавзӯи сармоягузорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои сӯзонидани партовҳои сахти коммуналӣ барои истеҳсолоти барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки ширкати “Shanghai SUS Environment” соли 2008 таъсис ёфта, ба як таъминкунандаи пешбари глобалии ҳалли экологӣ, бахусус дар соҳаи партов ба энергия (WtE) табдил ёфтааст. Он хидматҳоро барои сармоягузорӣ, сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳҳои WtE пешниҳод мекунад. Он бузургтарин истеҳсолкунандаи оташдон дар ҷаҳон ва дуввумин сармоягузор дар лоиҳаҳои WtE дар ҷаҳон аст. Нерӯгоҳҳои WtE партовҳои сахти коммуналиро (MSW) ба нерӯи барқ ​​ҳамчун манбаи устувори энергияи сабз табдил медиҳанд.

Намояндагони ширкати мазкур омодагии худро барои амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба сӯзонидани партовҳо барои истеҳсоли нерӯи барқ баён доштанд.

Амалишавии лоиҳаи мазкур натанҳо таъмини устувор ва тозаи нерӯи барқ мебошад, балки ба таъсиси ҷойҳои корӣ, омӯзиш ва рушди иҷтимоӣ дар минтақа низ мусоидат хоҳад кард.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин суханронӣ намуда, таъкид гардид, ки мо барои рушду пешрафти ҳарду кишвар ва густариши муносибатҳои давлатӣ ва баланд бардоштани зиндагии мардум тамоми чораҳоро меандешем. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ табодули назар карданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles