ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 октябр дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024» оғоз мегардад, ки дар он маҳсулоти саноативу кишоварзии вилоят пешниҳод мегардад.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» доир шуда, то 18 октябр идома меёбад.
Дар назар аст, ки дар намоиш ва форум зиёда аз 100 нафар меҳмонон аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намоянд.
Форуми мазкур соли чорум аст, ки аз ҷониби Агентии содирот ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии нишондиҳандаҳои «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ташкил карда мешавад.
Ҳадаф аз баргузории Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2024»- ин рушд додани содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 24-25 майи соли гузашта Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2023» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, дар он намояндагони сохторҳои дипломатии Узбекистон, Русия, Беларус, Украина, Эрон, Афғонистон, Туркия, Литва, Гурҷистон ва Покистон, беш аз 200 нафар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ва харидорон аз Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Узбекистон барои пешбурди содироти маҳсулот аз Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар форум муҳокимаҳои панелӣ оид ба масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, масъалаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, пешбурд ва рушди содирот доир гардиданд.
Дар форуми мазкур иброз гардид, ки дар вилояти Хатлон 5 соли охир дар масоҳати беш аз 372,1 гектар гармхонаҳои лимӯпарварӣ ташкил карда шуданд. Тибқи ҳисоботи оморӣ, соли 2022 дар вилоят 7570 тонна лимӯ истеҳсол гардидааст, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар 242,8-сентнериро ташкил додааст.
Дар вилоят беш аз 1 миллиону 600 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёз ва қариб 240 ҳазор тонна мева истеҳсол карда мешавад. Аз ин, ҳамагӣ то 100 ҳазор тонна содирот мешавад. Мутаассифона, бинобар мавҷуд набудани иқтидорҳои истеҳсолии коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аксарияти маҳсулот талаф меёбанд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон корхонаҳои коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсадҳои содирот ба бозорҳои дуру наздик ба роҳ монда шавад.
Дар форум бо ишора ба зарфиятҳои вилояти Хатлон таъкид шуд, ки ин минтақа барои ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, гӯшту шир, пашму пӯст, асали табиӣ ва гиёҳҳои шифобахш, махсусан истеҳсоли консерваҳо, коркарда, банду баст ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаю табиии ватанӣ дорои имконият ва захираҳои зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки барои ҷамъоварии саривақтӣ, таъмини доимии бозор бо мева, танзими нарх ва афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ташкили марказҳои логистикӣ нақши калон мебозад. Дар вилоят барои соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди марказҳои логистикӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои захираю нигоҳдории маҳсулот дар вилоят 66 адад сардхона бо ғунҷоиши 24025 тонна ва 61 амборхона бо ғунҷоиши 1538 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки соҳибкорону содироткунандагон метавонанд аз ин иқтидорҳо васеъ истифода баранд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки натиҷаи татбиқи босамари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон имрӯз дар вилоят инфрасохтори рушдёфтаи нақлиётӣ, ду фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан ва роҳҳои заминии нақлиётӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад, мавриди истифода қарор доранд.
Роҳҳои мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Душанбе–Бохтар-Панҷи Поён-Афғонистон; Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Кулма-Чин; Қизилқалъа–Ҷарбуҷа–Узбекистон, Бохтар–Данғара-Кӯлоб ва дигар роҳҳои замонавии таҷдиду навсозигардидаи ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, ки тавассути онҳо молу маҳсулот ҳамлу нақл мегарданд. Вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Узбекистон ва Афғонистон ҳамсарҳад мебошад ва соҳибкорону содироткунандагон метавонанд бо воситаи ин давлатҳо молу маҳсулотро ба дигар давлатҳо содирот намоянд.
Дар ҳудуди вилоят 3 минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷ» ва «Кӯлоб» фаъолият дошта, дар амалигардонии сиёсати давлатии рушди саноат ва саноатикунонии босуръат саҳм гузошта истодаанд.