Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12.01.2008, №АП/467 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 23.04.2008, №140 ва дастуру супоришҳои раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи корҳои хайрия, дастгирии маъюбону камбизоатон, кӯдакони бепарастор, хонаҳои ятимон, хона-интернатҳо, қисмҳои ҳарбӣ, ҷамъиятҳои маъюбон, оилаҳои камбизоату ниёзманд ва собиқадорони меҳнат диққати зарурӣ дода, дар 9 моҳи соли 2024 ба онҳо мувофиқи имконияту шароитҳои молиявии мавҷудбудаи Палата ба маблағи 19070 сомонӣ кӯмакпулиҳо ҷудо намудааст.
Директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Наҳтуллозода Давлатмурод иброз доштанд, ки талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирӣ ва хайру эҳсон намудан ба ятимону маъюбон, беморону ниёзмандон, поси хотири гузаштагон, пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон аз зумраи беҳтарин фазилатҳои инсонист.
Ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон