МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НОИБИ ЯКУМИ ПРЕЗИДЕНТИ БАТР


Рӯзи 2 октябр, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Марк Боуман мулоқот намуданд.

Дар мулоқот роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел, муовини директор, намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Бахтиёр Файзиев, бонкири пешбари сектори агробизнес Муҳаммад Дадабаев ва таҳлилгаронии БАТР Рафиқҷон Оқилов ва Олеся Икромӣ низ иштирок доштанд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масоили иқтисодиву сармоягузорӣ дар самтҳои обрасонӣ, энергетика, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон, сохтани гармхонаҳо ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят саҳми ташкилоти байналмилалии молиявиро дар татбиқи тарҳҳои бузург назаррас арзёбӣ намуданд. Бо сармоягузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то имрӯз як қатор тарҳҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар» амалӣ шудааст.

Раиси вилоят афзуд, ки мо сафари навбатии ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба шаҳри Бохтар барои баррасии натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ва рушди марҳилаҳои нави ҳамкориҳо байни минтақаи Хатлон ва БАТР як имконияти хуб медонем.

Амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсади татбиқи он ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ иборат мебошад.

– Мо ба роҳандозии ҳамкорӣ бо ҷалби БАТР барои амалӣ намудани лоиҳаҳо дар соҳаҳои инфрасохтори роҳу нақлиёт, самаранокии энергия ва таъмини гармӣ, комплекси агросаноатӣ ва рушди сектори хусусӣ, махсусан дар деҳот манфиатдорем, – афзуд раиси вилоят.

Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Марк Боуман дар навбати худ таъкид карданд, ки бонк омода аст барои ҳамаи самтҳои афзалиятнок маблағгузорӣ намояд.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаҳо дар самти идоракунии партовҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Ёвон, таъминот бо оби нӯшиданӣ дар шаҳри Норак ва рушди хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон бо маблағи умумии 30,2 миллион доллари амрикоӣ бевосита амалӣ шуда истодаанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Дар доираи стратегияи мазкур татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ қабул гардид, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Изҳори итминон карда шуд, ки чунин мулоқотҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд такони хуб мебахшанд.

Инчунин, дар ҷараёни мулоқот дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таҷдиди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуда, дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар амалигардонии стратегияи саноатикунонии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles