СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ “РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА” ШАҲРИ БОХТАР, 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2024

Муҳтарам даъватшавандагон,
Афсарону сарбозон,
Падару модарони гиромӣ!

Бо камоли ифтихор Шумо ҷавонони матину қавииродаи Хатлонзаминро барои шарафёб гардиданатон ба дарёфти мақоми фахрии сарбози Ватан самимона шодбош гуфта, ба тамоми падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзандонашон дар руҳияи ватандустию ватанпарастӣ арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Артиши миллӣ дар қатори рукнҳои муҳими давлатдорӣ мақоми намоёнро соҳиб гашта, нақши он дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мудофиаи сарҳади давлатӣ ва амнияту пойдории ҷомеа хеле баланд арзёбӣ мегардад.

Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Бузургии давлат аз бузургии қувваи артиш, неруи тавонои артиш аз ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсташ робитаи қавӣ дорад. Вобаста ба ин, хизмат ба ватан яке аз нишонаҳои муҳаббати ватандорӣ маҳсуб меёбад.

Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу ватани худ ҳамеша содиқанд.

Ҷавонони ояндасози мо низ ба хубӣ дарк месозанд, ки ҳеҷ як давлате бидуни Артиши миллӣ устувору поянда нахоҳад монд.

Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳифзи сарҳади давлатӣ, субботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад”.

Артиши миллӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро тай намуда, аз лиҳози маҳорати низомӣ ва иқтидори мудофиавӣ ба комёбиҳо ноил гардидааст. Дар ин солҳо дар гарнизони Хатлон даҳҳо биноҳои маъмурии қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ бо сифати баланд ва бо меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ мутобиқ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун шоҳсутуни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба як сохтори муназзаму муосир ва боэътимод табдил ёфтааст.

Маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, сокинони кишвар зиндагии осоишта доранд.

Вале вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дар самти ҳифзи марзу буми меҳан ва таъмини амнияти ҷомеа ва давлат тадбирҳои иловагиро амалӣ намоем.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Вақтҳои охир вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташшаккили фаромиллӣ торафт шиддат гирифта истодааст. Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, сарбозону хизматчиёни ҳарбӣ вазифадоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд”.

Вобаста ба ин, Шумо ҷавонону сарбозон, бояд дарк намоед, ки ҳифзкунандаи марзу буми кишвар ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи халқи маҳбубамон мебошед.

Танҳо афроди воқеан ватандӯст метавонанд дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созанд.

Қобили зикр аст, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилоят хеле зиёд аст ва маҳз ҳамин имконият ба мо даст дод, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолӣ беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд. Аз маъракаи даъвати баҳорӣ то имрӯз таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, падару модарон равона карда шуда, фаъолияти Комиссарияти ҳарбии вилоят, Комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои қудратии дахлдор ҷиҳати истифодаи имкониятҳои воқеии сафарбарӣ, ҳидояту раҳнамоӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии ҷавонон вусъат дода шуданд.

Таваҷҷуҳ, корбарӣ ва назорати доимии ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки солҳои қаблӣ бо мушкилоти зиёд иҷро мешуд, дар ду даъвати охир ҳалли пурраи худро пайдо намуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват ба пуррагӣ таъмин карда мешавад, ки ин ташаббус дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар вилоят падидаи беназир аст.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, миннатдории самимии худро пеш аз ҳама ба шумо, ҷавонони бонангу номус, падарону модарон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор, ки дар иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд, баён менамоям.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони вилояти Хатлон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

Мо ба ҷавонони бонангу номус, неруманд ва шарафманди вилоят, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик мебошанд, ифтихор мекунем.

Роҳатон сафед, иқболатон баланд бошад, фарзандони азиз, ҷавонони қавирӯҳу шарафманди вилояти Хатлон!

Саломату сарбаланд бошед!

Related Articles