17-18 октябри соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» баргузор мегардад.
Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни он намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии вилоят муаррифӣ гардад. Инчунин мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби Ёдошти байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор мешавад.
Барои маълумоти бештар ба телефону нишонии зерин муроҷиат намоед.
Телефон: (+992-3222) 2-43-70, факс: 2-41-12
Адрес электронной почты: @iavtotrboin.lkhat
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон