БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ


Имрӯз, 11 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз вазъи фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар огоҳ гардиданд.

Раиси вилояти Хатлон аз Маркази вилоятии бемориҳои дил, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, Маркази бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии вилояти Хатлон, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон ва Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон боздид намуда, аз вазъи кории табибон ва шароити беморон огоҳ шуданд.

Аксари шуъбаҳои марказу беморхонаҳо имрӯз мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуданд, аммо ҳоло ҳам камбуди норасоии таҷҳизоти муосири тиббӣ ба назар мерасад.

Раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати ҳарчи зудтар ҳал намудани ин мушкил дастуру супоришҳо доданд.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки пеш аз ҳама таҷҳизоти муосири тиббиро дар дигар шуъбаҳо низ таъмин намуда‚ сатҳи хизматрасонии тиббиро ба сокинон беҳтар намоянд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати таъмини ин соҳаи афзалиятноки кишвар бо кадрҳои соҳибтахассус, инчунин, баланд бардоштани дараҷаҳои касбии онҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати такмили ихтисос ва малакаҳои касбӣ, масъулият ва риояи муоширати сатҳи баланди соҳавии онҳо диққати хос зоҳир карда мешавад.

Дар зарфи 33-соли Истиқлоли давлатӣ ин соҳаи афзалиятноки кишвар дар вилоят бамаротиб рушд карда, бо ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ба муассисаҳои соҳа ва роҳандозӣ намудани усулҳои нави табобат шароити хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.

Дар вилояти Хатлон 1793 адад муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва субъектҳои фаъолияти хусусии тиббидошта фаъолият намуда, ба мардум хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 477 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, 128 адад иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар ҳамин зимн, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 12 иншоот аз ҷумла, Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара, марказҳои ташхисию табобатии фаъолияти хусусии тиббӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ ва беш аз 10 адад бунгоҳҳои саломатӣ ба маблағи зиёда аз 18 миллиону 369 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва шарикони рушд сохтмони 98 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 29 адад дар бахши госпиталӣ, 58 адад дар самти муассисаҳои соҳаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 11 адад самти фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббидоштаро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles