КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗИИ ФУТБОЛ ВА ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ


Рӯзи 4 сентябр, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб майдончаи бозии футбол ва ҳавзи шиновариро ифтитоҳ намуданд.

Сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар доираи Барномаи корҳои ободонӣ бахшида омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.

Гирду атрофи майдончаҳо бо баландии 6 метр панҷарабандӣ карда шуда, бо чароғҳои равшанидиҳанда таъмин мебошад, ки имкони дар қисмати бегоҳ ва шабона барои бозии футбол муҳайё мебошад.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо ҷавонону наврасони маҳал зикр намуданд, ки ба машғулиятҳои варзишӣ дар вақтҳои холигӣ машғул шудан яке аз роҳҳои муфиди пешгирӣ аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ақидаҳои иртиҷоӣ мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд доданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, раиси вилоят аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles