ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛИ ҶДММ «САНГШИКАНИ ҲАМАДОНӢ»


Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншооти таъиноти гуногун мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Имрӯз, 5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи коркарди сангу шағали ҶДММ «Сангшикани Ҳамадонӣ» ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи сохтмони ноҳия, бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ, таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва дигар эҳтиёҷоти сохтмонӣ дар деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб аз тарафи соҳиброки маҳаллӣ Урозов Ибодулло дар масоҳаи 6 гектар замин корхонаи коркарди сангу шағал бунёд гардид. Корхонаи мазкур ба маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шуда, таҷҳизотҳои он аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид карда шуданд.

Иқтидори корхона дар як соат коркарди 60 метри кубӣ сангу шағалро ташкил дода, 5 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас буда, дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки давоми соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles