ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”


Имрӯз, 15-уми август, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.

Дар кушодашавии озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва дигар масъулин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур 1121 довталаб иштирок менамояд, ки аз ин шумора 704 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Ба аъзои ҳакамон супориш дода шуд, то дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳогузорӣ карда, нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

Бояд қайд намуд, ки даври сеюми озмуни мазкур аз 15-ум то 27-уми августи соли равон идома ёфта, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирад.

Related Articles