МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САРМОЯГУЗОРОНИ ТУРКИЯ


Имрӯз, 26 июн, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Экмен Ирфан – роҳбари ширкати “Ekmen tarin” ва Янур Озкан – роҳбари ширкати “KARTAL” мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот ба муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид шуда, қайд гардид, ки ҳамкориҳо сол аз сол вусъат меёбанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, дар он наздики 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд. Ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 56 фоизро ташкил мекунад.

– Ҳамасола дар вилоят наздики 300 ҳазор тонна пахта 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ истеҳсол карда мешавад. Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд, аммо ба назар мерасад, ки аз сабаби тухмиҳои бесифат дар бархе аз минтақаҳо ҳосил кам рӯёнида мешавад, – афзуд раиси вилоят.

Ширкати тухмипарварии Экмен Тарим, ки дар Текирдаг фаъолият мекунад, тухмиҳои гандум, ҷав, нахӯд, лӯбиё ва ғайра содирот менамояд. Экмен Тарим зикр карданд, ки тухмиҳое, ки аз ҷониби ширкат истеҳсол мешавад, пас аз таҳлил ва равандҳои зарурӣ бастабандӣ шуда, содирот мегарданд.

– Ширкати мо яке аз ширкатҳои пешбари тухмипарварӣ дар Туркия буда, мо метавонем пас аз омӯзиши ҳамаҷониба тухмии мувофиқро барои минтақаи шумо тавлид кунем. Мо 1000 тонна тухмӣ ба Озарбойҷон содирот кардем, ба Узбекистон ҳам дар ин самт ҳамкорӣ дорем, – афзуд Экмен Тарим.

Таъкид гардид, ки дар шароити рушди муосири иқтисодӣ дарёфти шарикони ҳамкор ва бозорҳои нав, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле муҳим мебошад.

Инчунин, ҷонибҳо масоили рушди соҳаи кишоварзӣ, коркарди пахта, воридот ва содироти тухмиҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандӣ ва омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддат ва пурсамар дар тамоми самтҳои фаъолият, табодули таҷрибаи ҳамдигар нишон доданд.

Бояд зикр намуд, ки айни ҳол аз Ҷумҳурии Туркия асосан маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, техникаи маишӣ, либосворӣ, пойафзол ворид гардида, аз вилояти Хатлон бошад ба Ҷумҳурии Туркия асосан нахи пахта, ришта ва чарм содирот карда шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles