ХАБАРҲОИ МУҲИМ

ИҶЛОСИЯИ БИСТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ


Имрӯз, 24 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид – раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.

Дар иҷлосия муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Масъалаҳои “Рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2020, №110 «Дар бораи тасдиқ намудани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят”, ҳисоботи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар бораи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъалаҳои ҷорӣ дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.

Бо пешниҳоди Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иқтисод, молия ва идораи моликияти коммуналӣ аз рӯи масъалаи якум муовини раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед баромад намуда, зикр карданд, ки вобаста ба қарори раиси вилояти Хатлон қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо ба тавсиб расида, барои иҷро ба ташкилоту идораҳои дахлдори шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ирсол карда шудааст.

– Барномаи мазкур 368 лоиҳаҳоро ба маблағи умумии 8459,2 млн. сомонӣ дар бар мегирад, аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 1109 млн. сомонӣ, буҷети вилоят 208 млн. сомонӣ, буҷети шаҳру ноҳияҳо 372 млн. сомонӣ, соҳибкорон, шаҳрвандон ва маблағҳои худии ташкилоту идораҳо 1084 млн. сомонӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ 5687 млн. сомонӣ. Аз ин ҳисоб, барои солҳои 2021-2025 дар соҳаҳои кишоварзӣ амалишавии 34 лоиҳа ба маблағи 961,8 млн. сомонӣ, саноат 20 лоиҳа ба маблағи 406,1 млн. сомонӣ, таъминот бо барқ 47 лоиҳа ба маблағи 862,6 млн. сомонӣ, хизматрасонӣ ва сайёҳӣ 12 лоиҳа ба маблағи 24,7 млн. сомонӣ, нақлиёт ва роҳ 74 лоиҳа ба маблағи 2432,0 млн. сомонӣ, алоқа 6 лоиҳа ба маблағи 11,5 млн. сомонӣ, меъморӣ ва сохтмон 15 лоиҳа ба маблағи 130,4 млн. сомонӣ, маориф ва илм 43 лоиҳа ба маблағи 448,4 млн. сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 48 лоиҳа ба маблағи 441,4 млн. сомонӣ, фарҳанг ва фароғат 10 лоиҳа ба маблағи 176,3 млн. сомонӣ, ҷавонон ва варзиш 18 лоиҳа ба маблағи 161,0 млн. сомонӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 16 лоиҳа ба маблағи 2261,5 млн. сомонӣ, ҳифзи муҳити зист 7 лоиҳа ба маблағи 17,9 млн. сомонӣ ва ҳолатҳои фавқулодда 18 лоиҳа ба маблағи 123,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, – афзуд муовини раиси вилоят.

Гуфта шуд, ки тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи ташкилоту идораҳои дахлдори вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз аввали амалишавии барнома ба ҳолати 1 июни соли 2024 иҷрошавии 169 лоиҳа ба маблағи умумии 4774,6 млн. сомонӣ ё 56,4 фоиз, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ 20 лоиҳа ба маблағи 443,3 млн. сомонӣ (46,1 фоиз), саноат 9 лоиҳа 336,5 млн. сомонӣ (82,9 фоиз), таъминот бо барқ 17 лоиҳа 324,4 млн. сомонӣ (37,6 фоиз), хизматрасонӣ ва сайёҳӣ 10 лоиҳа 15,7 млн. сомонӣ (63,6 фоиз), нақлиёт ва роҳ 40 лоиҳа 2029,3 млн. сомонӣ (83,4 фоиз), алоқа 3 лоиҳа 4,1 млн. сомонӣ (35,7 фоиз), меъморӣ ва шаҳрсозӣ 8 лоиҳа 105,3 млн. сомонӣ (80,8 фоиз), маориф 20 лоиҳа 251,1 млн. сомонӣ ( 56,0 фоиз), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 23 лоиҳа 382,6 млн. сомонӣ (86,7 фоиз), фарҳанг ва фароғат 5 лоиҳа 96,7 млн. сомонӣ (54,8 фоиз), варзиш ва ҷавонон 7 лоиҳа 19,7 млн. сомонӣ (12,2 фоиз), таъмитоти оби нӯшокӣ ва ХМК 2 лоиҳа 755,5 млн. сомонӣ (33,4 фоиз), ҳифзи муҳити зист 3 лоиҳа 6,9 млн. сомонӣ (38,5 фоиз) ва ҳолатҳои фавқулодда 2 лоиҳа ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ (2,8 фоиз) таъмин гардидааст.

Дар қисмати музокирот Муминзода Мастура – вакил аз ҳавзаи интихоботии №62, и.в. раиси шаҳри Левакант, Ҳакимзода Зуҳро – вакил аз ҳавзаи интихоботии №56, аъзои Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба иқтисод, молия ва идораи моликияти коммуналӣ, муовини раиси ноҳияи Данғара ва Муминзод Абдулмаҷид – раиси шаҳри Бохтар баромад намуданд.

Вобаста ба масъалаи дуюм ҳисоботи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Ватанзода Мустафо дар бораи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд.

Гуфта шуд, ки Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва муассисаҳои зертобеи он бо андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фарҳангию маърифатии мардум ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи ниҳоят муҳим, соҳаи фарҳангу ҳунар як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи умумии муассисаҳои фарҳангӣ 886 ададро ташкил дода, аз ин шумора 492 адад китобхона, 286 адад муассисаҳои клубӣ, 3 адад филармонияи халқӣ, 5 адад театрҳои халқӣ, 3 адад театрҳои касбӣ, 35 адад боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, 18 адад осорхонаҳо, 29 адад мактабҳои бачагонаи санъат, 12 адад ансамблҳои тарона ва рақс, 3 адад ансамблҳои касбии вилоятӣ фаъолият намуда, 936 адад ёдгироҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №115 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қарори раиси вилояти Хатлон аз 31 майи соли 2021, №167 ба тавсиб расида, баҳри амалишавии бандҳои он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар умум 2 млн. 328 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, дар ин самт тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодааст.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, иттилоот, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, танзим ва дин ва оид ба дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифагузорӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles