БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ ОБ ВА ПИРЯХҲО

Дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», форумҳо, фестивалҳо ва намоишгоҳҳо гузаронида шуд, ки дар онҳо захира ва иқтидори обии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд.

Дар доираи ин Конфронс Фестивали Об ва пиряхҳо намоиши молу маҳсулотҳои миллии, таомҳои миллӣ, урфу одат расму оин, фарҳангу тамаддуни мардуми хатлонзамин ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ин фестивал Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси вилояти Хатлон, намояндагона ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идораҳо, масъулон ва намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии давлатҳои ҷаҳон, корпусҳои дипломатии муқимии Тоҷикистон ва коршиносону олимон иштирок доштанд.

Фестивали Об ва пиряхҳо ҳамчунин барои муарифии таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба эъломи соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки барои инсоният дар ҳали масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи камбуди об дар саёра муҳим ва саривақтӣ буда, яке аз муҳимтарин дастовардҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст ки Конфронси байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз санаи 10 июн оғоз, санаи 13 июн ҷамъбаст мегардад.

“Хатлон”

Related Articles