Дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ, кишоварзон дар майдони 16 ҳазору 437 гектар гандум кишт кардаанд. Оғози дарави ин навъи ғалладонагӣ, аз охири моҳи май шуруъ гашта, то ҳол идома дорад.
Бино ба иттилои Холмуродзода Аъзамҷон, сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, то имрӯз аз майдони 16 ҳазору 437 гектар ғаллаи киштшуда, 68 ҳазору 597 тонна гандум истеҳсол карда шудааст.
Ба идаои Холмуродзода Аъзамҷон, агар чӣ соли ҷорӣ, нисбати соли гузашта, 1 ҳазору 223 гектар майдони гандум кам кишт шуда бошад ҳам, бо мусоид омадани боду ҳаво, истеҳсол хуб аст. Зеро то имрӯз, аллакай истеҳсол ба 68 ҳазору 597 тонна расидааст, ки ин рақам соли гузашта, 72 ҳазору 367 тоннаро ташкил медод.
Ҷамъоварии гандум бошад дар вилоят то охири моҳи июл идома меёбад.
“САФО”