Имрӯз, 24 май, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара Маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси ноҳия Сиҷоуддин саломзода иштирок намуданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Маркази саломатии деҳот дорои 8 кат, 14 ҳуҷра, аз ҷумла, як ҳуҷраи қабул, як ҳуҷраи табибон, як ҳуҷраи захмбпндӣ, як ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраҳои барои бистаркунонӣ, як ҳуҷраи озодакор, ташноб ва ҳаммом иборат буда, ҶДММ “Марво” бо харҷи аз 3,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Пас аз ба истифода додани Маркази саломатии мазкур 13 нафар табибон ва дигар кормандони соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Раиси вилоят зикр намуданд, ки солҳои охир зина ба зина сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар вилоят баланд бардошта мешавад ва дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони маҳаллӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамбастагӣ корҳои заруриро ба анҷом расонида истодаанд.
Зикр гардид, ки имрӯз сокинони деҳа имкон пайдо кардаанд, ки дар маҳалли зисташон ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон