Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи Қумсангири ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуданд.
Роҳбари хоҷагӣ Мансуров Тоҷиддин иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии “Иброҳим” соли 2013 дар майдони 3 гектар замини обӣ ташкил гардида, саҳмдоронаш ба 5 нафар мерасад.
Соли ҷорӣ дар майдони 0,40 га кишти пиёз, 0,30 га гандум, 0,50 га полезӣ, 0,55 га маккаи дон, 0,25 га картошка ва 1 га пахта кишт карда шудааст.
Айни замон пиёз ва картошка пурра расидааст ва нашъунамои гандум дар ҳолати хуб қарор дорад.
Роҳбари хоҷагӣ мақсад дорад, ки аз майдони 0,25 га картошкаи киштнамуда ба ҳисоби миёна аз 155 то 180 сентнер ҳосил ба даст орад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид иқдому талошҳои кишоварзони ноҳияро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, махсусан таъмини амнияти озуқаворӣ шоиста арзёбӣ намуда, ба кишоварзон барои истифодаи пурсамари имкониятҳои табиӣ дар заминаи истифодаи пурсамари заминҳои корам ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 15 майи соли 2024 дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят дар майдони 6344 гектар кишти картошка гузаронида шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон