ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ЗИРОАТИ ПАХТА ДАР ҶДММ ИТТИҲОДИ АГРАРИИ “ВОДИИ ЗАРРИН”

Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо нашъунамои зироати пахта дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, воқеъ дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун шинос гардиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” шурӯъ аз соли 2013, дар асоси ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро оғоз намуда, айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон ба азимтарин субъекти истеҳсолӣ дар соҳаи парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, шолӣ ва гандум машғул мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои фаъолияти худ ва дар натиҷаи амалӣ гардонидани маҷмӯи корҳо марбут ба бунёди иншоотҳои гидротехникӣ, ҳамворкунии мелиоративӣ ва коркарди асосии заминҳо, сохтмони инфрасохтори роҳ ва барқтаъминкунӣ, инчунин иҷрои корҳои пайвастаи агротехникӣ ба Ҷамъият муяссар гардид, ки 5706,91 гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ҷайҳунро обёрӣ намуда, дар онҳо кишти асосӣ ва такрории зироатҳои гуногунро ба роҳ монад.

Дар соли 2023 Ҷамъият дар 3650 гектар замин кишти пахта ва дар қитъаҳои боқимонда кишти гандум ва дигар зироатҳои пурмаҳсулро ба роҳ мондааст.

Тазаккур бояд дод, ки дар соли 2023 Ҷамъият аз ҳисоби заминҳои пахтазори худ дар масоҳати 2540 гектари он усули муосири қатрагии парвариши пахтаро роҳандозӣ намуда, ба ҳосили баланди зироат ноил гардидааст.

Дар соли 2024 бошад, Ҷамъият майдони кишти пахтаро васеъ намуда, айни замон кишти зироати мазкур дар масоҳати 4967 гектар замин аллакай анҷом дода шудааст. Дар ҳамаи 4967 гектари замини пахтазор аз тарафи Ҷамъият бо усули муосири обёрии қатрагӣ ва кишти зерипленкавӣ ба роҳ монда шудааст.

Тамоми ҳосили ғунучиншудаи пахтаи хоми Ҷамъият дар корхонаи муосири истеҳослӣ, ки ба Ҷамъият тааллуқ дорад, коркард карда мешавад. Қубурҳои пластикӣ барои ҷорӣ намудани усули қатрагии обёрӣ, низ дар корхонаи Ҷамъият аз ҳисоби ворид намудани ашёи баландсифати хориҷӣ ва ҳамзамон коркарди дубораи қубурҳои дар мавсими кишоварзӣ истифодакардашуда истеҳсол карда мешаванд.

Дар доираи амалӣ гардонидани “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027” аз тарафи Ҷамъият дар соли 2023 корҳои беҳдошти замин дар масоҳати 1000 гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ҷайҳун оғоз гардида, айни ҳол корҳои мазкур бобаром идома доранд. Аз ин ҳисоб, дар масоҳати 400 гектар замин аллакай корҳои ҳамворкунии талу теппаҳо ва дар онҳо насб намудани қубурҳои обгузар ба анҷом расонида шуда, дар назар аст, ки дар мавсими кишти баҳории соли 2025 заминҳои нав дар масоҳати 1000 гектар бо усули қатрагӣ обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шаванд.

Ба гуфти масъулини Ҷамъият, хоҷагии агросаноатии мазкур дар фаъолияти худ ба таври васеъ истифода намудани имкониятҳои техникаи кишоварзии пуриқтидор, ҷорӣ намудани усулҳои муосири агротехникӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатии минтақаро роҳандозӣ намуда, минбаъд ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар, коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзии худ ва ҳамзамон содироти маҳсулоти тайёри коркарди саноатӣ ҳиссаи худро гузорад.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” 400 нафар ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими кишту кор аз 1500 то 2000 нафар ба кори муваққатӣ таъмин карда мешаванд.

ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” дорои 249 техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 94 адад трактор, 28 адад ядак, 7 адад мехалопат, 3 адад нақлиёти боркашонии тамғаи Дулан, 2 адад экскватор, 7 адад мошини борбардор, 35 адад комбайни ғаладарав, 28 адад обшапак, 2 адад агрегати картошкағундор, 10 адад достгоҳои тракторӣ ва 33 адад култиватори байни қатторҳо мебошад.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатӣ ҳамаи пешрафтҳои истеҳсолӣ дар Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”-ро бевосита ба дастгириву ғамхориҳои шахсии Пешвои миллат марбут медонанд ва ин талошҳо ҳайати кормандонро ҷиҳати афзоиши бештари маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтав, гандум ва шолӣ дилгарм кардааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ бо нашъунамои зироати пахта масъулинро вазифадор карданд, ки зарфиятҳои мавҷудаи истеҳсолиро мақсаднок истифода бурда, ба хотири саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса гузоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

 

Related Articles