РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 104-СОЛАИ ҶБВ РАФТ


Имрӯз, 6 май, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба табрики иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Алиев Зайнулло рафтанд.

Раиси вилоят нахуст эшонро ба муносибати Рӯзи Ғалаба самимона табрику муборакбод намуда, ба он кас тани сиҳат, хотири ҷамъ хонаи ободу осуда, файзу баракат дар зиндагӣ ва дар тарбияи фарзандон ва наберагон бурдбориҳоро орзу намуданд. Сипас, туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағи 40 000 сомонӣ, раиси вилояти Хатлон 5000 сомонӣ ба он кас расонида шуд. Инчунин, аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар ва дигар сохторҳои марбута низ кӯмаки пулӣ тақдим гардид.


Алиев Зайнулло 12 ноябри соли 1920 дар ноҳияи Кангурт (ҳоло Темурмалик) таваллуд шудааст. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегардад ва дар ҳайати фронтҳои Ленинград ва Белорусия ҷангида, дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Молдова, Венгрия, Руминия иштирок кардааст.

Ҳоло бобои Зайнулло дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Бохтар истиқомат намуда, дар иҳотаи фарзандону наберагон бо ғамхорию қадрдониҳо фаро гирифта шуда, давлати пирӣ меронад.

Ҳаёт ва фаъолияти ҷангию меҳнатии бобои Зайнулло ҳамчун иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барои насли наврас ва ҷавонон мактаби бузурги омӯзиши шуҷоату мардонагӣ, омили муҳими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба шумор меравад.

Имрӯз ҷавонони шуҷои кишвар анъанаҳои пуршарафи ҷангӣ ва меҳнатии насли калонсолро идома дода, дар таъмини амнияти марзу буми кишвар, сулҳу осоиши халку Ватан, якпорчагии кишвар ва пойдории Истиклол содиқу устувор мебошанд.

Бобои Зайнулло зимни суҳбат бо раиси вилоят аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат изҳори сипосгузорӣ намуда, шукронаи сулҳу субот ва осудагии сарзаминро намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles