Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили пиёз дар хоҷагии деҳқонии “Иқбол” дидан намуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Иқбол” соли 1997 дар майдони 5,50 га замини обӣ ташкил гардида, роҳбараш Мирзоев Қурбоналӣ мебошад ва шумораи саҳмдоронаш ба 10 нафар мерасад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар майдони 2 га кишти пиёз, 0,55 га гандум, 1,70 га беда ва 1,20 га полезӣ кишт кардаанд. Баъди ҷамъоварии пиёз ва гандум дар майдони 1,5 га кишти такрории маккаи дон, 0,50 га сабзӣ ва 0,50 га ва кишти пахта гузаронида мешавад.
Дар майдони 2 га бошад, кишти пиёз гузаронида шуда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил қарор дорад.
Хоҷагии мазкур таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ дошта, соли 2023 дар майдони 1,5 га кишти пиёз, 0,90 га полезӣ, 1 га гандум ва 1,70 беда кишт гузаронида буд, ки аз он ба ҳисоби миёна 400 сентнер пиёз, 40 сентнер гандум ва 30 тонна маҳуслоти полезӣ ҳосил ба даст овардааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба кори кишоварзон баҳои баланд дода, ба масъулин супориш доданд, ки барои содироти пиёзи барвақтӣ ба хориҷи кишвар ба деҳқон кӯмак расонанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон