Имрӯз, 2 май, дар шаҳри Левакант баҳри пешгирӣ аз хуруҷи ҳашароти зараррасон – малахи марокашӣ дар таллу теппаҳои ҳамшафати ноҳияи Кӯшониён коркарди кимиёвӣ анҷом дода шуд.
Тадбири мазкур ба таври оммавӣ сурат гирифт, роҳбарияти шаҳр, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок доштанд.
Корҳои безараргардонӣ дар масоҳати наздик ба 50 гектар пастхамию доманакӯҳҳои душворгузар анҷом шуд. Дар ҳудуди шаҳри Левакант ба иттилои масъулон ҳоло хуруҷи малах ба қайд гирифта нашудааст ва кормандон баҳри пешгирӣ аз ин ҳашарот ҳудуди ҳамшафати ноҳияи Кӯшониён бо шаҳри Левакантро безарар гардониданд.
Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилоят ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, дорупошакҳо, сӯзишворӣ ва дигар лавозимот дастрас гардидааст.
Дар мавсими имсола мувофиқи дурнамо дар майдони 72895 гектар коркарди кимиёвии бар зидди малахи марокашӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар майдони тақрибан 30803 гектар хуруҷи малах ба қайд гирифта шудааст. Коркарди кимиёвӣ бошад, дар майдони наздик ба 30 ҳазор гектар гузаронида шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон