Зери ин унвон дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар нимсолаи дуюми соли 2023, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои 1 ва 4 вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худовезӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, вобаста ба авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз суҳбатҳо ороста шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, якчанд нафар омӯзгорону донишҷӯёни факултаҳои болозикр бо Сипосномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Вохӯриву мулоқотҳо дар доираи нақшаи муштарак дар дигар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои ҳудуди кишвар идома дода мешавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон