Субҳи имрӯз, 21 ноябр дар рафти сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ ба рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон»-и деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Деҳқонобод оғоз бахшид.
Хоҷагии деҳқонии “Икромҷон” майдони умумии 2 гектарро ташкил дода, 2 нафар саҳмдорро дар бар мегирад. Самти фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба пахтакорӣ ва зироаткорӣ нигаронида шудааст.
Каримов Қиёмиддин, роҳбари иттилоъ дод, ки баъди ҷамъоварии ҳосили гандум дар майдони 1 гектар кишти картошка ба нақша гирифтааст.
Раиси вилоят пеш аз оғоз бахшидани корҳо бо сарвари хоҷагии зикршуда ва роҳбарони самти кишоварзӣ мулоқоти сарироҳӣ намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, саривақт кишт намудани зироатҳои ғалладонагӣ, картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Айни ҳол дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон» кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, хоҷагӣ барои гузаронидани кишти дигар намуди зироатҳо заминҳоро омода сохтааст.
Хоҷагии мазкур ҳар сол заминҳоро самараноку оқилона истифода бурда, 2-3 ҳосил мерӯёнад ва саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузорад.
Раиси вилоят ба кишти картошка оғоз бахшида, ба хоҷагидор муваффақияту бурдборӣ хостанд ва барои саҳми онҳо дар самти кишоварзии вилоят ва ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон