Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон аз ҷониби хазинаи кӯдакони СММ «Uniсef» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди майдони Парчами давлатӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Барои дастгирии ин санаи муҳим аз ҷониби ташкилоти «Uniсef» ранги кабуд қабул гардида, Теппаи «Қурғон” як рӯз бо ранги кабуд чароғон карда мешавад.
Ҳамасола 20 ноябр дар сартосари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз, соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва соли 1989 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак қабул гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, бунёди мактабу кӯдакистонҳои наву замонавӣ, бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонидани онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои раванди муътадили таълиму тарбия пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Бо мақсади ба низом даровардани вақтҳои холии ноболиғон, пешгирӣ намудани оворагардӣ ва ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст задани онҳо, ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои фаннӣ, ҳунаромӯзӣ ва варзишӣ фаъолият карда истодаанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон