Имрӯз, 17 ноябр дар толори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, сардорони бахшу шуъбаҳои раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётию терминалҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар асоси мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 6-уми марти соли равон таҳти рақами 5 протоколи ҷаласаи Комиссияи оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳама сохторҳои мутасадӣ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоии вилоят ирсол шуда буд.
«Яке аз сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ пеш аз ҳама, ин аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гашта истодааст. Дар аксари ҳол сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ, ин ба талаботи бехатарии ҳаракат ҷавобгӯй набудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, дониши номукамал, маҳорати пасти касбии ронандагон, кам будани гузаргоҳҳои зеризаминӣ, роҳҳои пиёдагард (тротуар), аломатҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ, бахусус ба миқдори даркорӣ мавҷуд набудани чароғакҳо, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои профилактикӣ, хусусан дар байни аҳолӣ сатҳи пасти омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мавҷуд набудани ташаббускорӣ аз ҷониби васоити ахбори омма оид ба ташвиқу тарғиби бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ғайра мусоидат намуда истодааст», гуфт муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб корҳои муайяне ба анҷом расидааст. Вале то ҳанӯз тамбашавӣ дар атрофи бозорҳои марказии шаҳру ноҳияиҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш, А. Ҷомӣ, ва Данғара ҷой дорад, ки аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута маҳсуб меёбад.
Дар анҷом муовини раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҷуӣ намуда, раисони камисияи шаҳру навоҳӣ то давраи ҳисоботии навбатӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ҳисобот пешниҳод намоянд. Дигар масоили мубрами соҳа дар ҷаласа мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон